Ana Sayfa SİYASET 14 Eylül 2023

Мулоқот бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов

 

 

 

 

Мулоқот бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов
14.09.2023  шаҳри Душанбе

 

 

 

14 сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедов, ки ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот карданд.

 

 

 

Дар рафти мулоқот маҷмӯи масоили ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон ва рӯзномаи ҳамоишҳои Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки рӯзҳои 14-15 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, баррасӣ гардид.

 

 

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Туркманистонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои вохӯриҳои дарпешистода омили таҳкими ҳамкориҳои дохилиминтақавӣ хоҳанд шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми гардиши мол ва робитаҳои фарҳангию гуманитариро баррасӣ намуданд.

 

 

 

Барои рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ зарур шумурда шуд, ки фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон ҷоннок карда шавад.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша намуданд.

 

 

 

 

Маводҳо доир ба мавзӯъ:
Маводи дигар вобаста ба робитаҳо дар сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон
facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/31466?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

 

Yorumlar (Yorum Yapılmamış)

Bu yazı yorumlara kapatılmıştır.