Ana Sayfa GÜNDEM 3 Nisan 2023

Ифтитоҳи бинои нави таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуф Исҳоқӣ

 

 

 

Ифтитоҳи бинои нави таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуф Исҳоқӣ

.2023 , шаҳри Хуҷанд

1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуф Исҳоқӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нави таълимӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсуси Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бо тарҳи муосир бунёд шуда, аз таҳхона ва 4 ошёна иборат мебошад.

Барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб шуда, корҳои бунёдӣ мутобиқ ба талаботи меъмории миллӣ ва шаҳрсозӣ ба иҷро расидааст.

Аснои шиносоӣ бо шароитҳои фароҳамгардида дар бинои хуштарҳу замонавии таълимӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аз муҳайё гардидани имкониятҳои васеи илму касбомӯзӣ масъулонро барои омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб роҳнамоӣ карданд.

Мавриди зикр аст, ки бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд дорои 41 синфхона, толорҳои барҳавои лексионӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандон мебошад, ки бо мизу курсӣ, аёниятҳои таълимӣ ва таҷҳизоти муосир, аз қабили тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо муҷаҳҳаз карда шуда, барои таҳсили 2200 нафар донишҷӯ дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд 8 факултет ва 19 кафедра амал мекунад.

Мутахассисони маълумоти миёнаи тиб аз рӯи 8 ихтисос, аз ҷумла кори момодоягӣ, кори табобатӣ, кори ҳамширагӣ, кори фарматсевтӣ, кори дандонсозӣ, кори тиббӣ – ташхисӣ, кори тиббӣ – офиятӣ ва кори тиббӣ – профилактикӣ омода карда мешаванд.

 

 

 

 

 

Айни замон дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд 4 ҳазору 436 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 3 ҳазору 847 нафари онҳо духтар ва 589 нафар писар мебошанд. Аз ин шумора 10 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд. Ба онҳо дар умум 230 нафар омӯзгори соҳибтахассус дарс мегӯянд.

Бо мақсади мутобиқ намудани раванди таълим ба меъёрҳои муосир дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд марказу озмоишгоҳҳои замонавӣ, аз ҷумла Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ, Озмоишгоҳи таълимӣ ва ташхиси фарматсевтӣ, озмоишгоҳҳои таълимии химия, биология, физика ва Маркази таълимии дандонсозӣ таъсис дода шудааст.

Марказу озмоишгоҳҳои мазкур ва синфхонаҳои фаннии коллеҷ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир ва аёниятҳои таълимию таҷрибавӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд, ки бо истифода аз онҳо донишҷӯён машғулиятҳои амалӣ мегузаранд. Илова бар ин ҳамаи ҳуҷраҳои кории омӯзгорон бо мизу курсӣ, дастгоҳҳои зарурӣ ва хати интернет пайваст мебошанд.

Дар таҳхонаи бинои муассисаи таълимӣ ошхона бо 80 ҷойи нишаст, ҳуҷраи техникӣ, бойгонӣ, анбор ва нуқтаи санитарӣ мавҷуд буда, синфхонаи компютерӣ низ таъсис дода шудааст, ки 100 ҷойи нишаст дорад. Минбаъд ҷамъомаду чорабиниҳои муассисаи таълимӣ дар толори барҳавои маҷлисӣ бо 300 ҷойи нишаст баргузор карда мешаванд.

Дар бинои навбунёд ду лифти замонавӣ низ насб гардида, раванди таълим тавассути дастгоҳҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад.

Ҷиҳати таъмини гармӣ дар фасли зимистон бинои коллеҷ бо шабакаи мустиқили гармидиҳӣ пайваст гардидааст.

Донишҷӯёне, ки аз ноҳияҳои дурдасти мамлакат дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд таҳсил менамоянд, бо хобгоҳи дорои шароити хуби истиқоматӣ таъмин мегарданд.

Зимни суҳбати самимӣ бо омӯзгорон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи мутахассисони баландихтисосро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ арзёбӣ карданд.

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/30415?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

 

Yorumlar (Yorum Yapılmamış)

Bu yazı yorumlara kapatılmıştır.

Benzer Haberler